Имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 37 дараҷа гарм мешавад

© SputnikКак душанбинцы спасаются от жары у фонтанов
Как душанбинцы спасаются от жары у фонтанов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармии ҳаво ба 32-37 дараҷа мерасад.

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино бар иттилои агентии ҳавошиносии Тоҷикистон,имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм шуда, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0