18:55 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда

Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор

ВУД Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
157110

Се ҷавон бо истифода аз дармондагии пирамард ӯро ҳар рӯз аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт оварда, ба аробачаи маъюбӣ шинонида, талбандагӣ мекарданд ва пулҳои бадастовардаашонро байни ҳам тақсим менамуданд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз "бизнес"-и нангини се ҷавон дар Душанбе хабар медиҳад: онҳо бо истифода аз пирамарди дармондае талбандагӣ мекарданду маблағи бадастомадаро байни ҳам тақсим менамуданд.

Зимни санҷиш муайян гардидаст, ки 3-нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайналобод, деҳаи Кишоварз,  Бемирзоев Азимҷон Ганҷаловичи 27-сола, Турақулов Зариф Маъруфовичи 24-сола, Барноев Файзиддин Нихомиддиновичи 29-сола, бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади бе дарди миён аз пиронсоливу дармондагии пирамарди солхурда шаҳрванд Бемирзоев Ганҷал сокини ноҳияи номбурда истифода карда, ӯро василаи даромади худ қарор додаанд. 

"Номбурдагон пирамардро ҳар рӯз ба воситаи автомашинаи Барноев Файзиддин ба пойтахт оварда, ба аробачаи маъюбӣ шинонида дар байни роҳҳои автомобилгард аз ҳолати ҳузнангези ӯ истифода бурда, бо барангехтани эҳсоси инсондӯстӣ ва раҳму шафқат дар дили одамон ва атрофиён бо ин роҳ маблағ ҷамъ менамуданд", - менависад ВУд Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ин се нафар ба ҷуз аз ин дигар шуғли муайяне надошта, бо ҷисму бозӯи тануманд ва солими худ танҳо ба талбандагӣ машғул мешудаанд. Ҳар рӯз бо ин роҳ маблағи муайяне ҷамъоварӣ намуда, байни худ тақсим мекардаанд.

Гарчанде қаблан кирдори номбурдагон аз ҷониби кормандони милитсия мавриди эрод қарор гирифта, барои дигар такрор накардан огоҳонида шуда бошанд ҳам, вале ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, боз ба чунин фаъолият машғул шудаанд, ки ин боиси қабули қарори қонунӣ гардидааст.

Аз ҷумла, номбурдагон санаи 5-уми июни соли ҷорӣ низ дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино дар байни роҳи автомобилгард бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ ба талбандагӣ машғул буданд.

Номбурдагон ба Шуъбаи милитсия оварда шуда, барои риоя накардани талаботи қонунии корманди милитсия нисбаташон парвандаи маъмурӣ бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино барои баррасӣ ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 6-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ таъин кард.

"Ҷои таассуф аст, ки чунин нафарон бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ аз пайи таъмини рӯзгори хеш гардида, аслан қадри неъмати бебаҳои саломатӣ ва меҳнати ҳалолро намедонанд. Воқеан бояд тазаккур дод, ки саломатӣ чи неъмати бебаҳост, вақте онро сарфи кори накӯ ва меҳнати ҳалол намоем", - таъкид мекунад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

 

Мавзӯъҳои асосӣ