12:56 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бывший мэр Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Убайдуллоев дар бораи боздошти тоҷикон дар Маскав: ҳам сафорат пайгирӣ дораду ҳам маҷлис

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд.

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба қазияи куштори варзишкор дар Маскав ва дар ин робита боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дахл кардааст.

Тавре дафтари матбуоти маҷлис хабар медиҳад, Убайдуллоев 12 июн дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум гуфтааст, ки дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар шавад.

"Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фоҷеаи рӯзи 8 июн дар ҷануби шарқии шаҳри Маскав рухдода, ки боиси боздошти шаҳрвандони кишвар гардидаст, дахл намуда, изҳор дошт, ки дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд", - менависад манбаъ.

Раиси маҷлис таъкид намудааст, ки қазияро Сафорати Тоҷикистон дар Русия пайгирӣ мекунад ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 6 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори куштигири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Қаблан дар шаҳри Маскав шаш шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир карданд.

Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ