Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Рашт баргузор мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевПортрет Эмомали Рахмона при въезде в Раштский район. Архивное фото
Портрет Эмомали Рахмона при въезде в Раштский район. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Дар таҷлили ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Имсол таҷлили ҷашни 22-умин солгарди Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тарона, рақс, фейеверк: Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе таҷлил шуд - Sputnik Тоҷикистон
20-солагии Ваҳдати миллӣ: ҷашни асосӣ дар шаҳри Ваҳдат мегузарад

Дар баргузории ин ҷашни пуршукуҳ барои миллати тоҷик роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аъзоҳои ҳукамат ва вакилони парлумон иштирок хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар ин иди махсусан муҳим барои Тоҷикистон ходимони илму фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии дар кишвар сабт шудаанд иштирок мекунанд.

Раиси ВМКБ: Ваҳдати миллӣ муқаддас аст, бояд дар сатҳи баланд таҷлил шавад

Қайд шудааст, ки дар Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Душанбе дар ҳама боғҳои пойтахт сайри оммавӣ ташкил намуда намоиши озуқаю ба роҳ монда мешавад. Шомгоҳон дар дар боғҳои пойтахт бо иштироки сарояндагони кишвар консертҳо ба роҳ монда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар саросари кишвар  27 июн Рӯзи ваҳдати миллӣ бо тантана таҷлил карда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0