09:47 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото

ДОИШ масъулияти ошӯби дувумро дар зиндони Тоҷикистон ба дӯш гирифт

Sherin Zada
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Моҳи ноябри соли гузашта гурӯҳи террористӣ худро масъули ошӯб дар зиндони рақами 3шаҳри Хуҷанд гуфта буд. Охири моҳи июли соли 2018 бошад, ДОИШ масъулияти ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара шуд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон)ошӯби маҳбусони зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт, хабар медиҳад оҷонсии Reuters дар истинод ба ҳафтаномаи "Ал-Набаа".

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи террористӣ таъйид кардааст, ки ошӯбро дар зиндони Тоҷикистон "сарбозони хилофат" анҷом додаанд.

Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.

Тибқи иттилоияи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд".

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.

Ин ҳодисаи дувуми ошӯби зиндониён дар шаш моҳи ахир дар Тоҷикистон мебошад. Моҳи ноябри гузашта низ дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд маҳбусон шӯриш бардоштанд, ки тибқи иттилои расмӣ дар пайи он 21 тан кушта шуданд.

Моҳи ноябри соли гузашта гурӯҳи террористӣ худро масъули ошӯб дар зиндони рақами 3 дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд. Охири моҳи июли соли 2018 бошад, ДОИШ масъулияти ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ