00:04 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Рустами Эмомалӣ ба пешвози раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев баромад

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
383910

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вориди шаҳри Душанбе гардид, хабар медиҳад расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 15 июн Шавкат Мирзиёев дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13 июн кишвардорони Шри-Ланка ва Бангдалеш барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Душанбе омада бо раисиҷумҳури ТОҷикистон дидору мулоқот карданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 таъсиси ин щамоиш аз ҷониби Қазоқистон пешниҳод гардидааст.

Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ