10:16 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Вечер Дружбы

Дар меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон: шоми амирон дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
194110

Дар Шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи пуршукӯҳи меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои Тоҷикистон бархӯрдор шуданд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Шоми 14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор карданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Барои баргузории чорабинӣ яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар бӯстонсаройи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, интихоб гардид.

Котибот мегӯяд, ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ ва пешкаш кардани дастархони тоҷикӣ дар мавзеи хушбоду ҳаво — муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон, таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, кандакорӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар Шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёр дидан намуданд.

Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвари мо ба маъраз гузошта шуданд, ки ба меҳмонони олимақом хеле писанд омаданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто ба маъраз гузошта шуда буданд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти намоиш ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ба меҳмонон ҳамчунин ҳайвоноти нодири кишвари биҳиштосо муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои сайёҳӣ сайёҳии шикорӣ низ рушд карда истодааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд.

Сарвари давлат бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамояд,-афзудааст манбаъ.

Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

Сайру гашти меҳмонони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раиси Иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, президенти Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, сарвазири Камбоҷа Хун Сен ва дигарон аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикии Эмомалӣ Раҳмон, қаноатманд шуданд.

Меҳмонон бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ