Раиси Қубодиён бо пешниҳоди Убайдуллоев вазифаи нав гирифт

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзуллозода Зафар Хайрулло, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев мақоми нав гирифт

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ҳафтаи гузашта номзадии Файзуллозода Зафар Хайруллоро ба вазифаи раиси Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи палатаи болоии парлумон пешниҳод кард ва аъзои Маҷлис ҷонибдорӣ намуданд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Таъйини раисони нави Хатлон ва 2 кумитаи дигар

Дар пайи интихоби Файзуллозода ба мақоми нав Убайдуллоев ӯро шодбош гуфта, барори кор таманно намуд.

Қаблан роҳбарии Кумитаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, собиқ раиси вилояти Хатлон ба уҳда дошт, ки баъди барканорияш аз вазифаи раиси вилоят, ваколатҳояш дар Маҷлиси миллӣ низ қатъ гардиданд.

Зафар Файзуллозодаи 54-сола аз моҳи апрели соли 2017 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва аз моҳи марти соли 2017 раиси ноҳияи Қубодиён мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, дар мақомҳои мушовири раиси вилояти Хатлон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон низ кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0