03:40 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото

Коршинос: рушди соҳаи сайёҳӣ ба се мушкилоти бузург рӯ ба рӯ шудааст

© Sputnik / Амир Исаев, STR
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
439 0 0

Намояндаи Корпоратсияи Байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ эълон намуд, ки Тоҷикистон барои ҷалби гардишгарон ба се мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки ба рушди ин соҳа монеа мегузорад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ширкатҳои байналмилалии ҳавои, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд ба се мушкилоти муҳим рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Ба гуфтаи Мадина Нурматова, роҳбари барномаи бланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусии Корпоратсияи Байналмилаии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, арзиши баланди мавозди сухт ва хизматрасонии гарон дар фурудгоҳи Душанбе, инчунин созишномаи баимзорасидаи байни ҳукуматӣ доир ба теъдоди парвозҳо мебошад, ба рушди соҳаи сайёҳӣ монеа ворид мекунанд.

Ба гуфтаи вай, коршиносони онҳо бо тамоми ширкатҳои байналмилалии ҳавоӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд машварат анҷом доданд.

“Ин ширкатҳо ба се мушкилоти муҳим ишора намуданд. Онҳо ба арзиши баланди мавозди сухт ва хизматрасонии гарон дар фурудгоҳи Душанбе, инчунин созишномаи баимзорасидаи байни ҳукуматӣ доир ба теъдоди парвозҳо ишора намуданд. Яъне агар Тоҷикистон як маротиба ба ягон кишвар парвоз намояд, он кишвар низ ба Тоҷикистон як маротиба иҷозати парвоз дорад. Мо инро дар рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун як монеа медонем”, - таъкид намуд коршинос.

Мадина Нурматова қайд намуд, ки Тоҷикистон аз мавзеҳои сайёҳӣ бархурдор аст.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон замина барои боло бурдани соҳаи сайёҳӣ начандон рушд ёфтааст.

“Тоҷикистон ин кишварест, ки дастрасӣ ба баҳр надорад. Гардишгарон имкон доранд танҳо аз ду роҳ истифода намоянд, ин роҳи ҳавоӣ ва заминӣ. Мутаасифона Тоҷикистон бо кишварҳое, ки ба гардишгарӣ алоқамандии зиёд доранд парвозҳои мустақим надорад. Мо парвозҳои зиёд ба Русияву Қазоқистон дорем, ин ҳам маълум аст ин парвозҳо бештар ба хотири интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом дода мешаванд”, - зикр намуд коршинос.

Коршинос инчунин таъкид намуд, ки рушди соҳаи авиатсия метавонад мустақиман ба рушди соҳаи гардишгарӣ вобаста мебошад.

Ёдрас мешавем, ки Азиза Иброҳимова, мутахассиси пешбари бахши равобити байналмилалӣ Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ба гуфтаи вай дар соли 2017 теъдоди ҷаҳонгардоне, ки аз Тоҷикистон дидан карда буданд ҳамагӣ 430 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта ба беш аз як миллион нафар расидааст.

Азиза Иброҳимова аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли гузашта беш аз 157 ҳазор ҷаҳонгарди рус аз Тоҷикистон дидан намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран 14-15-ӯми июн дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии соҳибкорон баргузор гардид.

Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг”, Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои “Тибет-Эверест”, “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-Рустам” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Афғонистон ба имзо расонида шуд.

Барчаспҳо:
коршиносон, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки ҷаҳонӣ, мушкилот, шаҳри Кӯлоб, сайёҳӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ