16:44 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Соревнования пловцов в бассейне, архивное фото

Рекорди Фахриддин ва мақоми аввали Олим дар қаҳрамонии Хуҷанд

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Дар шаҳри Хуҷанд Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ғолибони Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, ки  15-16 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ширкати беш аз 60 нафар варзишгар доир гардид, муайян шуданд. 

Аз намуди шиноварии тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро  Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.

Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.

"Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония  гузошт",-омадааст дар хабарнома.

Тавре Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, иштирокчиёни қаҳрамонӣ, варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм  дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда,  ба даври ниҳоии он  роҳхат пайдо намудаанд.

Аз ҷумла, дар ин мусобиқа  аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз  шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз  минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.

Дар охир ғолибони Қаҳрамонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ