04:08 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Мулоқоти Раҳмон Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё

Аз рушди соҳибкорӣ то беҳсозии фазои сармоягузорӣ: мулоқоти Раҳмон бо ноиби Президенти БРО

© Пресс-служба Президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Дар мулоқоти роҳбари Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik.  Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Чен мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору вохуриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё донистааст.

“Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми “Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ” зарур шумурданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки Рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона гардидааст.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо муҳокима гардид.

Зимни мулоқот, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ, зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалияноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба исқтиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Барчаспҳо:
мулоқот, Бонки рушди Осиёӣ, Президент, Эмомалӣ Раҳмон, сармоягузорӣ, бонк, БРО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ