17:56 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Обуҳавошиносон: имрӯз дар пойтахт ҳаво то +35 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар баъзе ноҳияҳои  шарқии вилоят боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва   рӯзона    17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
пойтахт, Душанбе, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ