22:03 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ювелирные изделия, архивное фото

Боздошти зани 24-сола ба гумони дуздии ҷавоҳирот ва 500 сомонӣ баъди шикояти зани 45-сола

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Зани 45-солае ҳанӯз моҳҳои апрел ба мақомоти милиса шикоят бурда будааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонааш даромада, амволашро рабуданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 24-солае ба гумони дуздӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (собиқ Ҷилликӯл) хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳанӯз моҳҳои апрели соли равон зани 45-солаи ноҳияи мазкур ба мақомоти милиса шикоят бурда будааст. Ба гуфтаи ин зан  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзилаш даромада дуздӣ намудаанд.

Ба иқрори вай аз манзили зисташ  ҷавоҳироти тиллоӣ ва замчунин  500 сомонӣ маблағ рабуда шудааст.

Шикояти зани 26-сола аз дуздии шабонаи маблағ ва пойафзолаш дар Душанбе

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 24-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд", - менависад манбаъ.

Аз руйи ҳодисаи ба амаломада парвандаи ҷинояти боз гардида таҳқиқи он идома дорад.

Барчаспҳо:
дуздии ҷавоҳирот, зан, боздошт

Мавзӯъҳои асосӣ