Бо дастури Ёдгор Файзов канали Темур барқарор ва роҳи мавзеи Чинак боз шуд

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби 14 июн канали Темур вайрон гардида роҳи автомобилгарди мавзеи Чинакро баст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Субҳи рӯзи 17 июн бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон барои барқароркунии канали Темур сафарбар гардиданд, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков.

"Канали Темур, ки аз маҳаллаи Валдош Гулмамад ба самти маҳаллаҳои поёнии шаҳри Хоруғ ҳаракат мекунад шаби 14 июн вайрон гардида роҳи автомобилгарди мавзеи Чинакро маҳкам кард",-омадааст дар хабарнома.

 

Ба хотири ҳарчи зудтар барқарор намудани канали мазкур гурӯҳи корӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ВМКБ равона гардид.

Ба гузориши манбаъ, 80 фоизи корҳои барқароркунии канали Темур ба анҷом расонида шуда роҳи автомобилгарди мавзеи Чанак низ барқарор гардид.

Лентаи хабарҳо
0