Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳои низомиро муҳокима карданд

Обуна шудан
Дар доираи мулоқот Тоҷикистон ва Беларус дар бораи навсозии комплексҳои алоқа ва тайёр намудани мутахассисон табодули назар карданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ҳайати Вазорати дифои Беларус ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати дифои Беларус.

Зимни дидору гуфтугӯҳо тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои низомиро баррасӣ намуданд.

Торжественные проводы призывников в армию - Sputnik Тоҷикистон
Шумо хидмат кунед, мо интизор мешавем: маросими гусели ҷавонон ба артиш

“Дар Душанбе зимни дидори корӣ низомиёни ду кишвар вобаста ба ҳамкорӣ миёни намояндагони Идораи алоқаи ситоди кулли Беларус ва Идораи алоқа ва технологияҳои иттилоотии ситоди кулли Вазорати дифои Тоҷикистон табодули назар карданд” ,- таъкид намудааст Вазорати дифои Беларус

Таъкид шудааст, ки тарафҳо инчунин тасмим доранд дар бораи навсозии комплексҳои алоқа ва тайёр кардани мутахассисон табодули назар хоҳанд кард.

Инчунин, намояндагони Вазорати дифои Беларус аз таҷҳизоти нави алоқаи рақамӣ ва таҷҳизоти алоқаи низимие, ки дар Тоҷикистон истифода мешаванд, ошно хоҳанд шуд.

Сафари ҳайати Вазорати дифои Беларус 19 июни соли равон ба анҷом хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0