20:02 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1239 0 0

Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ бо як шаҳрванди Қирғизистон миқдори зиёди нурии менералиро бидуни назорати гумрукӣ ба кишвар ворид кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи 600 халта нурии менералӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Агентии мубориза бо фасод.

Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи амалиётҳои фаврӣ муайян карда шудааст, ки Муқимҷон Абдувоҳидов бо як шаҳрванди Қирғизистон бо лақаби "Манас" нақшаи воридоти нерӯи менералиро пешакӣ кашидаанд.

Онҳо моҳҳои декабри соли 2018 аз ҳудуди Қирғизистон ба воситаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ 600 халта нерӯи менералии "Аммофос"-ро вориди вилояти Суғд кардаанд.

Нисбати Муқимҷон Абдувоҳидов бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳ иросол гардидааст.

Пештар агентии мубориза бо фасод аз боздошти соҳибкор Мирзошариф Орзуев хабар дода буд.

Бино бар иттилои манбаъ, Орзуев бо мақсади пинҳон намудани даромади худ ба миқдори махсусан калон молу колоро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кардааст.

Ожонс зикр кардааст, ки Орзуев бо мақсади пинҳон кардани даромади худ дар солҳои 2016 - 2017 ба номи ҶДММ “Ирфон Рустам” ба маблағи 11 миллиону 217 ҳазору 214 сомонӣ ва дар давраи соли 2017 ба номи ҶДММ “Асъор-2” ба мабалғи 741 ҳазору 906,1 сомонӣ молро ба Тоҷикистон ворид намуда, ба фурӯш баровардааст.

Ожонс афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Орзуев бар асоси моддаи 259-и Кодекси ҷиноӣ, яъне соҳибкории ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ ирсол шудааст.

Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, Қирғизистон, қочоқ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ