Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 15 дар сад коҳиш ёфтааст

© SputnikНовостройка в Душанбе
Новостройка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нархи як метри мураббаъ манзили маскунӣ дар ин кишвар байни 400 то 800 доллар мебошад. Ин шохис дар шаҳри Душанбе 626 доллар эълом шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба нақл аз сайти Ожонси давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон, таи ин муддат дар соли равон 293 ҳазор метри мураббаъ манзили маскунӣ эҳдос шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш  15 аз даҳ 4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон таи ду соли ахир коҳиши суръати сохти манзилҳои маскунӣ мушоҳида мешавад, ки аз дидгоҳи коршиносон ба авомиле монанди поин омадани қудрати молии мардум, афзоиши нархи иҷозатномаи шаҳрдорӣ дар Душанбе барои сохти хона, боло рафтани аворизи дарёфти иҷозатномаи кашидани хатҳои барқ ва об, фозилоб ва монанди он иртибот дорад.

Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пул гирифту манзил надод: директори "Союз-Сохтмон" ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

Аз ин ру дар соли 2018 дар Тоҷикистон 1 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои маскунӣ ба баҳрабардорӣ расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 коҳиши ду дарсадиро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад таи панҷ моҳи нахусти соли равон дар вилояти Суғд 131 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон 90 ҳазор метри мураббаъ, дар навоҳии марказии Тоҷикистон 44 ҳазор метри мураббаъ ва шаҳри Душанбе 27 ҳазору 500 метри мураббаъ манзилҳои маскунӣ эҳдос шудааст.

Бо ин ҳол наздик ба 245 ҳазор метри мураббаъ аз маҷмуи 293 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои маскунӣ сохта шуда таи панҷ моҳи нахусти соли равон мутаъаллиқ ба ширкатҳои сохтмонсозии бахши хусусӣ будааст.

Бар асоси гузории Ожонси давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон миёнгини нархи як метри мураббаъ манзили маскунӣ дар ин кишвар байни 400 то 800 доллар мебошад. Ин шохис дар шаҳри Душанбе 626 доллар эълом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки миёнаи ҳуқуқ ва дастмузди моҳиёна дар ин кишвар 1 ҳазору 300 сомонӣ (баробар бо 130 доллар) ва поинтарини он 400 сомонӣ (баробари 40 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0