Парванда алайҳи 4 соҳибкор дар ВМКБ: мехостанд 3 ҳазор арақи худсохти зарарнокро фурӯшанд

© Sputnik / Михаил МордасовВодка, архивное фото
Водка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Бадахшон нисбати чор соҳибкор парванда боз шудааст. Онҳо мехостанд арақи пастсифатро, ки ба саломатии мардум зарари калон доштааст, ба фурӯш гузоранд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 ҳазору 56 шиши арақи пастсифат мусодира гардидааст.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ дар 14 рӯз 200 ҳазор бех бангдона мусодира шуд: "Кукнор -2019"

Бино бар иттилои "Ховар",  ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти ВМКБ дар натиҷаи амалиёти бозҷӯӣ муайян кардааст, ки қуттиҳои машруботи спиртӣ ба соҳибкорони инфродии деҳаи Ишкошим Рузихон Акрамхонов, Иброҳим Зераков, Пулодбек Юсуфбеков ва сокини деҳаи Вранги ноҳияи мазкур Азорабек Исмоилбеков тааллуқ доранд.

"Озмоишгоҳи бахши вилоятии "Тоҷикстандарт" муайян намуд, ки арақҳои мусодиракардаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд. Ба хусус, машруботи ғайрсатандартӣ ба узвҳои муҳими инсон ба мисли ҷигар, мағзи сар, меъда ва дилу рагҳо зарари вазнин мерасонанд", - менависад манбаъ.

Афзун бар ин, соҳибкорони номбурда ин кирдори ғайриқонуниашонро маротибаҳо анҷом дода будаанд.

Нисбати соҳибкорон мақомоти милисаи Ишкошим парванда боз карда, барои тафтишот ба прокуратураи ноҳия ирсол кардааст.

Арақҳои пастсифат нобуд карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0