23:18 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Прокурори генералӣ, вазири молия ва вазири маориф дар назди Раҳмон гузориш доданд

Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2314 0 0

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дирӯз дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар маҷлиси Ҳукумат, нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 баррасӣ ва қабул гардида, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи кишвар дар бораи иҷрои қарори Ҳукумат аз моҳи майи соли 2014 дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии “Барқи Тоҷик” ҳисобот додааст.

Тариқи пешпардохт: дастури Раҳмон барои солимгардонии вазъи “Барқи тоҷик”

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи корӣ, аз ҷумла дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 вазири маориф ва илм Нуриддин Саид гузориш додааст.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш додааст.

Дар идомаи ҷаласа дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гузориш додаанд.

Дастури Раҳмон ба Бонки миллӣ барои додани қарз ба соҳибкорони Хатлон

Манбаъ афзуда, ки пас аз муҳокимаи аъзои ҳукумати кишвар тарҳи қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати ҳамчунин лоиҳаи як қатор созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумат, аз ҷумла Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ ва дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода гузориш додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Дастуру супоришҳои дигар барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии хӯроки чорво, таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили истироҳати босифати кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатию фароғатии мамлакат ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашну идҳои дар пешистода дода шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ