Пас аз шикаст: сармураббии дастаи "Помир" истеъфо дод

© ФФТРустам Ходжаев стал новым главным тренером "Панджшера"
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи "Помир" ифтеъфо дод

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир”-и Душанбе Рустам Хоҷаев пас аз шикаст дар бозӣ бо тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 0:1 аз вазифааш истеъфо дод.

Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бохт дар бозӣ бо “Истаравшан” тими КМВА “Помир” ба зинаи охири ҷадвали мусобиқа фаромада, акнун дар зинаи поинтарини Лигаи якуми футболи кишвар қарор дорад.

Бояд гуфт, ки имсол бо дастаи нави футболи Лигаи олӣ - “Истаравшан” аллакай се сармураббӣ истеъфо додааст.

Дар даври дуюм пас аз бохт дар бозӣ бо ин даста сармураббии “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфов аз вазифааш барканор шуд.

Сипас охири даври аввал сармураббии “Истаравшае” Тоҳирҷон Муъминов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.

Ва акнун рӯзи 23 июн дар бозии даври 10-уми мусобиқа бо тими “Истаравшан” сармураббии КМВА “Помир” Рустам Хоҷаев низ истеъфо дод.

Лентаи хабарҳо
0