Обуҳавошиносон: имрӯз ҳавои пойтахт беборишу гарм боқӣ мемонад

© Sputnik / Амир ИсаевКак душанбинцы спасаются от палящего солнца
Как душанбинцы спасаются от палящего солнца - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва   рӯзона    17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0