15:24 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
ТАШРИФИ ШОҲЗОДА АЛИ МУҲАММАД ОҒОХОН БА ВМКБ

Ташрифи Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба ВМКБ-акс

© Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
292960

Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Имрӯз, 25 июн Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон бо сафари расмӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар ин бора мақоомти ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ истиқбол намуданд.

Манбаъ афзуда, ки масъулини Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро то кампуси Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ