Қонуни нав ва салоҳиятҳои ҷадиди раиси БМТ ва президент дар тақсими вазифаҳо

© Пресс-служба президента РТНурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд дар мувофиқа бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабӣ  дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинонаш тақсим мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.

Тибқи сархати ҳафтуми қисми 1, моддаи 76-и  Қонуни мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳоро дар байни муовинон худ тақсим мекунад.

Дар доираи тағйироти пешниҳодгардида, минбаъд вазифаҳо дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабӣ  дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим карда мешавад.

Президента Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон аз муфлисшавии бонкҳо ва супориши қатъӣ ба Вазорати молия

Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.

Зикр гардид, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти роҳбарияти он ва дақиқ намудани уҳдадориҳои мансабии раис ва муовинони ин ниҳод мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ба рушди соҳаи маориф, аз ҷумла самти таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии аҳолии мамлакат вобаста ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, инчунин бо мақсади рушд ёфтани соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонии хӯроки умумӣ нигаронида шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Танбеҳи Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ: аз Нурмаҳмадзода то Нуралиев огоҳӣ гирифтанд

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон 10 май дар ҷаласа бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз аз фаъолияти масъулин сахт интиқод карда буд.

Аз ҷумла, кишвардор изҳори нигаронӣ кард, ки кормандони бонк маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунанду роҳбарон нисбати муассисаашон беаҳамиятанд.

"Бонкҳои "Амонатбанк" меравед, дар шаҳру ноҳияҳо, ки шиштааст, коргаре, ки 700-800 сомонӣ маош мегирад, аммо маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунад. Ин ҳолат аз бонки миллӣ, вазорати молия ва кумитаи гумруку андоз сар карда, ба назар мерасад. Вақте як ҷавони бузбала 150 кило вазн дорад, ман боварӣ дорам, ки 700 сомонӣ якҳафтаина хӯрокаш дар ошхона намешавад, аммо вай ошхона намеравад, ресторан меравад" - ёдрас шуд раисҷумҳур.

Як интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз як корманди Кумитаи гумрук Шаҳбоз Раҷабзода низ зуд расонаӣ гашт. Президент дар пайи бозпурсӣ аз фаъолияту дороии Раҷабзода ӯро дар ҳамон толор "гум шав" гуфт ва таъкид кард, ки пулҳои аз Тоҷикистон баровардаашро баргардонад.

Саранҷом роҳбари кишвар ба масъулин вазифа дод, ки дороии мансабдорони серпул санҷида шавад.

Дар ин росто, рӯзи 14 май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амру як фармоиш роҳбарияти Бонки миллӣ ва Кумитаи гумрукро танбеҳ дод.

Лентаи хабарҳо
0