03:42 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15

Аъзои комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон беҳизб мегарданд

© Sputnik / Стрингер
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Бино ба иттилоъи маҷлиси пойини порлумони ҶТ, ин тарҳи қонун ба аъзои комиссиюни марказии интихоботи кишвар ъузвият дар аҳзоби сиёсиро мамнӯъ мекунад.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Намояндагони маҷлиси пойини порлумони Тоҷикистон рӯзи гузашта аз тарҳи қонуни “Дар бораи комиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳукумати кишвар онро пешниҳод кард, пуштибонӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маҷлиси пойини порлумони ҶТ, ин тарҳи қонун ба аъзои комиссиюни марказии интихоботи кишвар ъузвият дар аҳзоби сиёсиро мамнӯъ мекунад.

Ҳамчунин, бар асоси ин тарҳи қонун, аъзои аҳзоби сиёсӣ наметавонанд шомили ҳайъати комиссиюнҳои интихоботи ҳавзаӣ шаванд ва дар сурати вурӯд бояд ъузвияти худро дар аҳзоби сиёсӣ мутаваққиф кунанд.

Ба назари намоянда Ҷаббор Аҳмедов, ин тарҳи қонун ҳуқуқи аҳзоби сиёсӣ дар интихоботро баробар мекунад.
Баҳору тирамоҳи соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ