Раҳмон ба сохтмони бинои нави маъмурӣ дар Навобод оғоз бахшиду дар намоишгоҳ иштирок кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Таджикабадский район
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Таджикабадский район - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба далели дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои кормандон бинои нави маъмурӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рашт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод оғози расмӣ бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт то имрӯз дар собиқ бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия кору фаъолият мекарданд, зеро бинои қаблии Ҷамоати шаҳрак бинобар фарсуда гардиданаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Рашт рафту роҳи навсозро дар шаҳраки Навобод ифтитоҳ кард

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, ба бунёди бинои нав асос гузошта шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи нави бино ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти сохташаванда аз ду ошёна, 9 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Арзиши лоиҳавии бинои Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт 2 миллиону 750 ҳазор сомониро медодааст ва он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.

Тибқи нақша, бинои Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни умумимилӣ — 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуд.

“Хоҷагидорони ноҳияи Рашт барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолияти босамар доранд ва бо ин васила бозори истеъмолиро ғани мегардонанд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон - Sputnik Тоҷикистон
Табақи калони чӯбии нурободиҳо ба Президент: тӯҳфаи сокинон ба Раҳмон - Видео

Зимни шиносоӣ аз дастранҷи кишоварзон ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар ихтиёри онҳо 4 ҳазору 659 гектар, аз ҷумла 3 ҳазору 339 гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд аст.

То имрӯз аллакай дар майдони 940 гектар ғалладонагиҳо, 602 гектар зироатҳои техникӣ, 291 гектар сабзавот ва як ҳазору 272 гектар картошка кишт шуда, ҳамзамон кишти дигар намуди зироатҳо дар ноҳия идома дорад.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки соли гузашта аз майдони 2 ҳазору 8 гектар замин аз ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия 44 ҳазор 700 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.

Агар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 4 ҳазору 650 гектар боғҳо мавҷуд бошад соли ҷорӣ дар майдони 70 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Лахш: заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад

Боғпарварони ноҳияи Рашт соли гузашта, аз боғҳои мевадиҳанда 18 ҳазор тонна меваҳои шаҳдбор, ки дар бозори дохилӣ ва берун аз он харидорони зиёд доранд, истеҳсол намуданд.

Ҳамзамон соли гузашта 10 ҳазору 715 тонна сабзавот истеҳсол гардид.

Дар ин намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, каду, себ, меваҳои хушк, гелос, қулфинай, тут, зардолу, номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш ва асали хушсифати истеҳсоли занбурпарварони ноҳия пешниҳод карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни суҳбат бо меҳнаткашони ноҳияи Рашт ба онҳо ҷиҳати истифода мақсадноки ҳар порча замини ҳосилхези ин ноҳияи кӯҳистон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин, роҳбари кишвар дар ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боздид намуд.

Ҳамзамон Президенти бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Набот”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум шинос шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Тоҷикобод мошин тӯҳфа карду майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ намуд

Хоҷагии мазкур асосан ба боғдорию кишоварзӣ машғул буда, феълан дар майдони 12 гектар боғ бунёд намудааст.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Набот” ба роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар хоҷагии мазкур дар майдони қариб 25 гектар картошка, севуним гектар сабзавот ва севуним гектар ғалладонагиҳо кишт шуда, нашъунамои онҳо хуб ба назар мерасад.

Тавре зикр гардид, бахши дигари фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Набот”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум занбуриасалпарварӣ буда, феълан хоҷагии мазкур дорои 110 оила занбури асал мебошад ва ҳамасола ҳосили зиёд ба даст меорад.

Лентаи хабарҳо
0