23:40 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз идҳои асосии давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад

Иди Ваҳдати миллӣ тибқи фармони президенти Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Таърихи ид 

Чун ин ҷашн дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин рӯ бо қарори парлумони миллӣ он ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

Ваҳдати миллӣ аз хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ (1992-1997), ки тӯли панҷ сол давом ёфт, дарак медиҳад.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиро муқаррар намуд.

Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази  чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.

Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Чаро иди Ваҳдати миллиро 27 уми июн ҷашн мегиранд

Встреча Председателя Правительства Российской Федерации Виктора Степановича Черномырдина (в центре) с Президентом Республики Таджикистан Эмомали Шариповичем Рахмоновым (слева) и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Нуриддиновичем Саидовым (Абдулло Нуриддинович Саидов)
© Sputnik / Александр Макаров
Вохӯрии раиси ҳукумати Русия Виктор Степанович Черномирдин (дар мобайн) бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ.

Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли”-ро ба имзо расониданд.

Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард. Ҷанги шаҳрвандие, ки панҷ сол давом кард, боис ба ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар гардид. 

Миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуда, мӯҳтоҷи кумаки дигар кишварҳо гардиданд. Тибқи маълумоти мухталиф, хисороти молие, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оварда буд, ба 7 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст.

Навор аз солҳои 1994-1996 - аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон

Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифон 27- уми июн дар чӣ хусус маслиҳат карданд :

Ҷонибҳои ихтилоф дар шаҳри Маскав ҳуҷҷатҳои зайлро ба тасвиб расониданд:

— Созишномаи умумӣ оид ба таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ;

— Протокол оиди ҳамдигарфаҳмӣ миёни президент Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳ Нурӣ;

— Изҳороти дар Маскав тасвиб шудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳ Нурӣ ва намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ. Д. Меррема.

— Созишномаи умумӣ оид ба таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин 9 ҳуҷҷати дигарро дар бар мегирифт.

  •  Протокол оиди қонунҳои асосии таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ;
  • Созишномаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Нурӣ дар ҷамъбасти гуфтугӯҳо дар шаҳри Маскав 23 юми декабри соли 1996;
  • Протокол дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ;
  • Низомнома дар бораи Комиссияи оштии миллӣ;
  • Протоколи иловагӣ ба протокол "Дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ”;
  • Протокол дар бораи гурезаҳо;
  • Протокол дар бораи мушкилоти низомӣ;
  • Протокол дар бораи масъалаҳои сиёсӣ;
  • Протокол дар бораи татбиқи кафолати созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.

Мендкович: даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар гузаштаи Тоҷикистон мондааст

Мувофиқи созишномаи ба имзо расида, ҳамаи маҳбусони ҷангӣ озод карда шуда, иштирокчиёни сиёсии ин ҷангро низ озод намуда амнияти онҳо кафолат дода мешавад.

Илова бар ин , 30 дарсади курсиҳои ҳукуматро, аъзоёни мухолиф аз худ намуданд. Ҳамчунин ҷангиёни қувваҳои мухолифин ба артиши ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

Дар авохири соли 1998 бошад ҳамаи гурезаҳои тоҷик аз кишвари ҳамсояи Афғонистон боз пас оварда шуданд.

Дар Тоҷикистон чӣ гуна иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд

Праздничный концерт в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Чорабинии идона дар Хуҷанд

Ҳамасола ҷашни Ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон бо шаҳомати хос пешвоз мегиранд.

Мувафиқи анъанаи ҷоришуда, чорабинии асосӣ дар ҳамон манотиқе сурат мегирад, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо сафар кунад. Барои мисол, соли 2016 чорабинии асосии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ва соли 2017- дар шаҳри Ваҳдат доир гардид. Соли гузашта бошад маркази чорабинӣ шаҳри Конибодом интихоб шуд.

Маъмулан дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ кушодашавии мактабу боғча ва ба истифода додани корхона, заводу фабрикаҳо аз ҷониби роҳбари давлат сурат мегирад.

Дар боқимонда манотиқ ва шаҳри Душанбе бошад, чорабинии идона бо баргузории консертҳо, гашту гузори оммавӣ дар боғу гулгаштҳои кишвар доир мешавад.

Дар ҳама ҷо мусиқӣ, баромади дастаҳои эҷодӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ кушода мешаванд.

Ҷашни Ваҳдати миллиро на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон қайд мекунанд, балки дар тамоми кишварҳое, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳар сол чорабиниҳои ҷашниро дар Маскав доир мекунад, ки дар он ҷо дипломатҳо, олимон, намояндагони ҷамъиятӣ ва зиёиён даъват карда мешаванд.

Беҳтарин лаҳзаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Соли 2019 Тоҷикистон, 22 юмин солгарди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози сулҳро ҷашн мегирад.

Чорабинии асосии имсола дар водии Рашт хоҳад гузашт. Гуфта мешавад, дар чорабинии идонаи навоҳии Рашт, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзоёни ҳукумат, роҳбарон ва вакилони парлумон, намояндагони илму фарҳанг ширкат мекунанд. Аммо чун ин иди ҳамаи тоҷикистониён аст, бинобар ин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он тоҷикон ҳамдигарро шодбош гуфта ба якдигар сулҳу осоиштагиро таманно мекунанд.

Барчаспҳо:
Ваҳдати миллӣ, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ