16:55 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Иштироки Раҳмон дар маросими ифтитоҳи манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе

© Пресс-служба Президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
465 0 0

Имрӯзт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баъд аз анҷоми сафари кориаш ба водии Рашт дар шаҳри Душанбе манораи назоратӣ-диспетчерии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе манораи назоратӣ-диспетчерии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар иттилоъ додааст.

Таджикистан празднует День национального единства
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилоии манбаъ, манораи назоратӣ-диспетчерӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Фаронса сохта шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, сохтмонӣ иншооти мазкур 7-уми ноябри соли 2017 оғоз ёфта, дар муддати 18 моҳ сохта ба истифода супорида шуд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки баландии манораи назоратӣ-диспетчерӣ 41 метр будааст.

Ҳамзамон иншооти Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ аз ҳисоби маблағҳои худи “Тоҷикаэронавигатсия” пурра таъмир карда шудааст.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи имконияти молиявии худ аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ дар давоми солҳои 2016-2019 бо маблағи 30 миллион сомонӣ барои кормандон дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ харидорӣ намудааст.

Самти фаъолияти Корхона қонеъ намудани талаботи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, ҷиҳати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарӣ, сарфакорона ва мунтаззами ҳаракати ҳавоӣ дар хатҳои ҳавоӣ ва дигар самтҳои соҳаи аэронавигатсия ба ҳисоб меравад.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, раисҷумҳур, иштирок, маросими ифтитоҳ, Душанбе, фурудгоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ