19:11 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Вазорати маорифи Русия барои омӯзгорони рус барои кор дар соли хониши 2019-2020 дар Тоҷикистону Қирғизистон озмун эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазорати маорифи Русия барои кор дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои омӯзгорон озмун эълон кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати маорифи Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, барои муаллимон маоши хуб, манзили зист ва суғуртаи тиббӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба онҳо пули рафту омад пардохт хоҳад шуд.

Школа, архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуд, ҳоло муаллимони забон ва адабиёти рус, физика, риёзи, кимиё, биология, технологияи иттилоотӣ ва муаллимони синфҳои ибтидоӣ интихоб мешаванд.

Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Яке аз шартҳои асосии озмун барои омӯзгорон ин таҷрубаи кории на камтар аз 5 сол дар мактаб ҳисоб меёбад.

Барномаи ирсоли омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон феврали соли 2017, оғоз ёфта буд. Соли равон роҳандозии ин барнома дар Қирғизистон шурӯъ мешавад.  

Омӯзгорони рус дар бораи Тоҷикистон: зеҳнияти тоҷикону русҳо зиёд монандӣ дорад

Ёдрас мешавем, ки маоши омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон ба дӯши ҳарду кишвар вогузор шудааст. Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи маоши омӯзгоронро дар ҳаҷми 14 ҳазор рубл ё 2130 сомонӣ пардохт мекунад ва 60 ҳазор рубли боқимонда (9131 сомонӣ)-ро Вазорати маорифи Русия бар ӯҳда дорад. Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти таъмини омӯзгорон бо манзили зистро ҳам бар ӯҳдаи худ гирифтааст.

Барчаспҳо:
мактаб, озмун, омӯзгор, вазорати маориф, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ