Эрон маблағгузории нақби "Истиқлол"- ро аз сар мегирад

Обуна шудан
Маблағи умумии идомаи сохтмони нақби "Истиқлол" 8 миллион доллари амрикоӣ буда, ҷонибҳо муваззаф шуданд, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ, ҳар кадоме 4 миллион доллар ҷудо кунад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ҳукумати Эрон сари идомаи маблағгузории сохтмони нақби мошингарди "Истиқлол" ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Бар хабари манбаъ, маблағи умумии идомаи сохтмони ин нақб 8 миллион доллари амрикоӣ буда, ҷонибҳо ба созиш омаданд, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ, ҳар кадоме бояд 4 миллион доллар  ҷудо намоянд.

Гуфта мешавад, ин маблағҳо барои анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низоми рӯшноидиҳанда, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳамчунин низоми назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот масраф мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони нақби "Истиқлол"-ро сентябри соли 2003 ширкатии эронии "Sobir" ба роҳ монда буд. Барои сохтмони нақб ҷониби Эрон 31 миллион доллар ихтисос дод, ки аз ин миён 10 миллион доллар ба сифати грант ва 21 миллион доллари дигар ҳамчун қарз дода шуд.

Дӯстӣ аз сар: имзои Ёддошт оид ба амният байни Тоҷикистон ва Эрон

Ҳукумати Тоҷикистон бошад барои корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истиқлол” 7,8 миллион доллари амрикоӣ ихтисос намуд.

Соли 2006 нақби мазкур бидуни тартиби равшанидиҳӣ, ҳавотозакунӣ ва кашидабарори ҳавоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бехатарии ҳаракати роҳро танҳо сурохие дар дохили нақби зеризаминӣ таъмин мекард.

Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гуфтушунид бо Эрон барои анҷоми сохтмони нақби "Истиқлол"

Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии "Sobir" корҳои бозсозии нақби "Истиқлол"-ро дубора барқарор кард. Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 миллион доллар иловатан маблағгузорӣ мекунанд.

Ҷонибҳо ӯҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби "Истиқлол" дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби "Истиқлол" 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0