21:40 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Производство молочных продуктов, архивное фото

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Белорус ба бозор мебарояд

© Sputnik / Варвара Гертье
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор корхонаҳои муштараки истеҳсолимаҳсулоти ширии Тоҷикистону Белорус ба фаъолият шурӯъ мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Интизор меравад то соли 2020 ба бозори Тоҷикистон маҳсулоти ширии истеҳсоли корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Белорус ба фурӯш гузошта шавад.

Дар ин бора хабаргузории БЕЛТА иттилоъ медиҳад.

Бар хабари манбаъ, ба роҳ андохтани лоиҳаи муштараки коркарди маҳсулоти ширӣ, дар ҷараёни мулоқоти вазирони кишоварзии Тоҷикистону Белорус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ин корхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва ҳамзамон дар шаҳри Ҳисор фаъол мешаванд.

Раҳмон Путин ва Лукашенко дар Минск вомехӯранд

“Фикр мекунам, то соли 2020 ин корхонаҳо аллакай ба истифода дода мешаванд”- изҳор намуд, Анатолий Хотко вазири кишоварзии Белорус, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ низ зикр намуд, ки лоиҳаи  таъсиси чунин корхонаҳо  дар  арафаи анҷомёбӣ аст ва интизор меравад авоили соли оянда нахуст маҳсулоти ширӣ ба бозор бароварда шавад.

“Дар ибтидо, корхонаи маҳсулоти ширӣ танҳо талаботи сокинони ҷумҳуриро қонеъ мекунад ва сипас дар назар аст, маҳсулоти он бо бозори ҳамсоякишварҳо низ ба фуруш гузошта шавад”,- гуфт Изатулло Сатторӣ.

Бояд гуфт, ки январи соли ҷорӣ созишнома миёни ҶММ “Истеҳсоли маҳсулоти шири “ВАТАН” ва Заводи ширбарории Минск № 1, дар мавриди таъсиси корхонаи муштарак ба имзо расида буд.

Маблағгузории корхонаи муштаракро Ширкати байналмиллалии Молиявӣ бар дӯш гирифта буд.

Ҳадафи асосии ин лоиҳа таъмин намудани бозори дохилӣ ва ҳамзамон роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои ҳамсоя гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
бозор, ширӣ, маҳсулот, Белорус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ