05:58 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
412 0 0

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 июли соли 2019, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 баргузор хоҳад шуд, ки дар он раиси шаҳр ҳисобот медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои қарори наве вакилони халқи шаҳри Душанберо ба маҷлис даъват кардааст.

Бино бар иттилои вебгоҳи шаҳрдорӣ, Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 июли соли 2019, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 баргузор хоҳад шуд.

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои вазъи татбиқу ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар рӯзномаи маҷлис, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар назди вакилон вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳисобот хоҳад дод.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Вакилон ӯҳдадор шудаанд, ки то 10 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.

Баррасии нақлиёти пойтахт ва тасдиқи қарорҳои Рустам Эмомалӣ: оғози кори вакилони Душанбе

Ёдрас мешавем, ахиран 15 март дар  пойтахт Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кори худ оғоз намуда буд.

Дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ва масъалаҳои мубрам, аз ҷумла нақлиёти пойтахт баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, дар иҷлосия дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе дар соҳаи тандурустӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Барчаспҳо:
ҳисобот, вакилон, маҷлис, Рустам Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ