Дар Хатлон Чангу ғубор, дар пойтахт ҳавои гарму бебориш

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщина идет с зонтиком защищаясь от солнца
Женщина идет с зонтиком защищаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
2-3 июл дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ тӯфони чангу ғубор ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш мешавад.  Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  камабри бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0