20:26 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев

Убайдуллоев дар Маскав аз шаклҳои нави ҳамкории байнипарлумонӣ гуфт

© Государственная дума РФ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
360 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми II байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав иштирок дорад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо ҳайати парламентӣ бо даъвати Раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми дуюми байналмилалии “Рушди парламентаризм” дар шаҳри Маскави Русия иштирок дорад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Думаи давлатии Русия хабар додааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи форум қайд намудааст, ки равандҳои глобалӣ воқеан роҳандозии шакли нави ҳамкории байнипарлумониро тақозо менамоянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко боз ба Русия омад

“Парламентаризми муосир ҳамчун ниҳоди аз ҳама бештар демократии намояндагии мардумӣ, ки ҳокимияти қонунгузор аст, ба назари мо, бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ бояд дар саросари дунё ба рушди тадриҷии ҷомеа мусоидат намуда, талошҳоро баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ, рафъи таҳдиду чолишҳои ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид созад”, -  таъкид намуд Убайдуллоев.

Инчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъкид намудааст, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти сартосарии ҷаҳонӣ муттаҳид сохтани талошҳои ҳамаи давлатҳо зарур аст.

Убайдуллоев: агар мо намунаи ибрат набошем, ҳаққи ташвиқи дигаронро надорем

“Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша фаъолона ҷонибдори сиёсати рушди таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, амалисозии тадбирҳои ҳамаҷонибаи таҳкими эътимод дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ тариқи муколамаи созанда аст”, - илова кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Тибқи иттилои манбаъ, сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Маскав то 4 июли соли равон идома меёбад.

Ёдрас мешавем, ки дар Форуми мазкури сатҳи баланд 800 намоянда аз 131 кишвари хориҷӣ, 49 роҳбари парламентҳо, ки аз он 32 нафарашон аз мамлакатҳои қитъаи Африқо мебошанд, ширкат меварзанд.

Дар Форум ширкаткунандагон доир ба мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ, иқтисодиёти рақамӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарӣ табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои ҳуқуқи башар, ҳифзи муҳити зист ва нақши ҷавонон дар рушди парламентаризмро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Барчаспҳо:
сафари корӣ, парламент, иштирок, форум, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Убайдуллоев, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ