18:21 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Маҳмадсаид Убайдуллоев оҷилан тарки Маскав кард

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1397 0 0

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев Рӯзигул Каримова субҳи имрӯз нобаҳангом даргузашт

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо далели даргузашти нобаҳангоми ҳамсараш Рӯзигул Каримова оҷилан тарки Маскав кардааст.

Ёдрас мешавем, Убайдуллоев рӯзи 30 июy бо сафари корӣ барои иштирок дар Форуми байналмилалии "Рушди парламентаризм" вориди Маскав гашта, дар назар буд, ки то 4 июл дар Русия монад.

Тавре манобеи Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи ҷанозаи марҳум маълум гаштааст. Маросими видоъ бо Рузигул, ҳамсари Убадуллоев фардо, 3 июл дар Масҷиди марказии Душанбе баргузор мешавад. Марҳумро дар оромгоҳи Сари Осиёи Душанбе ба хок месупоранд.

Бино бар иттилои манбаъ, яке аз фарзандони Убайдуллоев - Ҷамолиддин Убайдуллоев, ки сафири Тоҷикистон дар Фаронса аст, имрӯз ба Душанбе бармегардад.

Дар манзили Убайдуллоев дар маркази Душанбе тамоми наздикони вай, намояндагони Ҳукумат, шаҳрдорӣ ҷамъ шудаанд.

Бино бар иттилои дарёфтӣ, Рӯзигул Каримова ҳамсоли ҳамсараш Убайдуллоев, тақрибан 66-сола буд. Далели даргузашти зан феълан маълум нест. Аммо расонаҳои Тоҷикистон менависанд, ки бемор набуд, танҳо чанд рӯзи ахир дарди гулӯ буд.

Убайдуллоев ва Каримова соҳиби се фарзанд, ду писар ва як духтаранд.

Мавзӯъҳои асосӣ