02:44 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

Бино бар пешбинии ҳавошиносон, аз 3 то 5 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво каме паст мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ба Тоҷикистон боди афғонӣ меояд, иттилоъ медиҳад Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои ҳавошиносон, аз 3 то 5 июл дар Тоҷикистон ҳарорат каме паст мешавад. Ҳамин тавр, рӯзона гармии ҳаво аз 33 то 35 дараҷа мерасад.

Афзун бар ин, дар кишвар тӯфони шадиди хок дар назар аст.

Гуфта мешавад, хокрезиш асосан дар ҷануби кишвар, ноҳияи Шаҳритус, Панҷ ва Қубодиён дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар борони кӯтоҳмуддат меборад.

Пас аз 5 июл ҳарорат дар кишвар то рафт баландтар мешавад.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 44 дараҷа хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ