15:25 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Акция в память о погибших при взрывах в Брюсселе у посольства Бельгии в Москве

Модари муваффақу ҳамсари хоксор: нақли хамсоя дар бораи Рузигул, ҳамсари Убайдуллоев

© Sputnik / Евгений Одиноков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
228450

Ҳамсояи наздики Убайдуллоев, дар бораи хислатҳои ҳамсари Маҳмадсаид - Рузигул Каримова гуфт

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, Рузигул Каримова дар ёди ёру дӯстон ва ҳамсояҳо чун зани меҳрубону хоксор боқӣ мондааст.

Ҳамсояҳои Рузигул мегӯянд, ҳамсари Маҳмадсаид шахси оммавӣ набуд. Ба нақли ҳамсояи наздики Маҳмадсаид Убайдуллоев, Рузигул сирф ба тарбияи фарзандон машғул мешуд.

"Мо ӯро кам медидем. Масалан ман ҳамсояи наздики онҳо ҳастам, вале Рузигул танҳо як бор, замони омадани модарам ба хонаамон ба аёдати модарам омада буд. Бисёр зани ҳалиму меҳрубон ва хоксор буд. Аз номи хонаводаашон доим ба ҳамсояҳо барои аёдати беморе ё дар рӯзи ид ғизо равон мекард, вале худ кам ба берун мебаромад",- гуфт мусоҳиб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти манбаъ, Рузигул Каримова чеҳраи тоҷикона дошту сабзинаранг буд. Аз фарзандони Маҳмадсаид ёдрас шуда мусоҳиб мегӯяд, Рузигул дар тарбияи фарзандонаш муваффақ шуд. 

"Ӯ фарзандонашро бисёр нағз тарбия кардааст. Нигина (духтари Маҳмадсаид Убайдуллоев - шарҳ аз идора) ҳамроҳи духтарони ман якҷо бозӣ мекарданд, мактаб мерафтанд, вале ман боре ҳам надидам, ки ӯ чун дигар фарзандони мансабдорон эркагӣ кунад. То ҳол ҳам Нигина ва писарони Рузигул чун дар кӯдакиашон хоксор боқӣ мондаанд. Рузигул дар тарбияи фарзандонаш муваффақ шуд",- гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон. 

Аз фоҷиаи хонаводаи Убайдуллоев ёдрас шуда, манбаъ таъкид кард, ки Рузигул Каримова бемор набудааст ва маргаш нобаҳангом аст. 

"Субҳи барвақт буд, ки овози доду фарёд баланд шуд. Аз ҳавлӣ баромада огоҳ шудем, ки ҳамсояамон - Рузигул даргузаштааст",- афзуд манбаъ.

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳамсараш ҳарду зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошанд. Рузигул Каримова ҳамсоли Маҳмадсаид буду тақрибан 66 сол дошт. Онҳо соҳиби се фарзанд, як духтар ва ду писар мебошанд.

Духтарашон Нигина Убайдуллоева чандин сол боз дар Амрико ба сар мебарад. 

Писаронашон Амирҷон ва Ҷамолиддин ҳар ду дар мансабҳои баланди ҳукумак кору фаъолият мекунанд.

Амирҷони Убайдулло мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буда, Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО мебошад.

Завҷаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон - Рузигул Каримова субҳи 2-юми июл дар Душанбе аз олам даргузашт. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо сафари расмӣ дар Маскав қарор дошт, оҷилан ба Тоҷикистон сафар кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев оҷилан тарки Маскав кард

Маросими ҷанозаи ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, фардо дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
модар, ҳамсар, даргузашт, даргузашт, Маҳмадсаид Убайдуллоев

Мавзӯъҳои асосӣ