15:28 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Зиндониёни афвшуда дар зиндони ноҳияи Ваҳдат

Кобул 8 маҳбуси тоҷикро ба ватанашон истирдод намуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
532 0 0

Ба Душанбе як гурӯҳи 8 нафараи зиндониёни тоҷик, ки дар Афғонистон адои ҷазо менамуданд, истирдод шуданд

 ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳамакнун маҳбусхонаҳои Кобул аз зиндониёни тоҷик пурра холӣ гардиданд. Шарофиддин Имомов сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, ки охирин маҳбусони тоҷик низ аз Афғонистон ба Душанбе истирдод шуданд.

" Ба Душанбе як гурӯҳи 8 нафараи зиндониёни тоҷик, ки дар Афғонистон адои  ҷазо менамуданд, оварда шуданд. Ҳамин тариқ дар маҳбусхонаҳои давлати ҳамсоя зиндониёни тоҷик дигар  вуҷуд надоранд", зикр намуд Имомов.

Аммо дипломати тоҷик нагуфт, ки маҳбусон барои кадом ҷиноят ва ба мӯҳлати чанд сол дар Афғонистон равона зиндон шуда буданд.

Дар назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ бар ивази зиндониёни истирдодшудаи тоҷик, 80 маҳбуси афғонро ба ватанашон фиристад.

Масъалаи истирдоди маҳбусони афғон ниҳоӣ буда, алъон масоили истирдоди онҳо ба Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дорад, изҳор намуд сафири тоҷик.

Зимнан Имомов илова намуд, ки на ҳамаи маҳбусони афғон, ки дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон адои ҷазо доранд, ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон супорида мешаванд.

Истирдоди 40 ифротии тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон

“Маҳбусоне, ки дар ҷиноятҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла онҳое, ки ба амалҳои террористӣ даст доранд ва ё қочоқчие, ки марзбонони моро захмӣ кардаанд, дар маҳбасҳои Тоҷикистон мемонанд, гуфт Имомов.

Маврид ба зикр аст,ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот бо вазири умури хориҷаи Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, барои истирдоди 80 маҳбуси афғон ба ватанашон ба мувофиқа расиданд.

Генерал Умаров дар бораи 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи маҳбусони Ваҳдат ва тафтиши кормандон

Истирдоди  маҳбусон дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад

Барчаспҳо:
истирдод, тоҷик, маҳбус, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ