Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 70 ҳазор евро ҷудо намудаст

© Facebook / Вести Согда / Sughd NewsПоследствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, наздики 3 ҳазор сокини Тоҷикистон, ки аз обхезиҳои авоили моҳи июни соли равон зарар диданд, кумакпулӣ дарёфт кунанд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ намудани сокинони осебдидаи Тоҷикистон аз обхезиҳои ахир, ҳудуди 70 ҳазор евро ихтисос додааст, хабар медиҳад ТоҷикТа. 

Ба иттилои манбаъ, кумаки Иттиҳоди Аврупо ба манотиқи Суғду Хатлон, ки аз ҳама беш аз ин офати табиӣ хисорот диданд, равона мегардад.

Гуфта мешавад, оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра нобуд шудаанд ё ба таври ҷиддӣ аз обхезӣ хароб гаридаанд, кумаки пулии ройгон дарёфт мекунанд. Дар маҷмӯъ бояд  2 ҳазору 700 сокини ин манотиқ аз кумаки молии иттиҳоди Аврупо  бархурдор шаванд.

Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Борони сел дар Конибодом ба 8, 3 милион сомонӣ зарар расонд
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 7 уми июни  соли равон боришоти беисти борон боиси он шуд, ки дар аксар манотиқи Тоҷикистон селу обхезӣ рух дода, сокинонро аз  манзилҳои истиқоматияшон маҳрум намояд.

Зикр мегардад, ки дар ин муддат аз офати табиӣ беш аз 6 ҳазору 700 нафар сокинони Тоҷикистон зарар диданд.

Тибқи маълумоти расмӣ аз обхезиҳои ахир дар Тоҷикистон дасти кам  ҳазор хонаҳои истиқоматӣ хароб гардида,  аз  ин миён 35 дарсади манзилҳо пурра вайрону валангор гаштанд.

Қурбонии севуми сел дар Панҷ: ба ноҳия боз офати табиӣ омад

90 дарсади харобкориҳои офати табиӣ ба сокинони манотиқи Суғду Хатлон рост меояд. Гуфта мешавад сокинони ин манотиқ дар баробари аз даст додани манзилҳои зист бо тамоми ҷиҳози хона, инчунин аз  маҳсулоти хурокворӣ ва чорвои худ низ бенасиб монданд.

Заминҳои кишт, ки манбаи асосии даромади аҳолӣ  дар Суғду Хатлон ба ҳисоб меравад, низ корношоям гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0