13:45 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Центральный офис национального банка Амонотбанк в Душанбе

Ҳукумат дар шаҳри Хоруғ бинои нави "Амонатбонк" месозад

CC BY-SA 4.0 / Дӯстмурод Саид
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
167 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони бинои нави "Амонатбонк" дар шаҳри Хоруғ 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудаст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави замонавии "Амонатбонк" қомат меафрозад, хабар медиҳад агентии давлатии Ховар.

Сохтмони бонки мазкурро бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Парвиз-92" ба зимма гирифтаанд. Гуфта мешавад, бино аз чаҳор ошёна иборат буда, дар хиёбони марказӣ ва дар канори дарёи Ғунд ҷойгир мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои  сохтмони бинои нави Амонатбонк дар шаҳри Хоруғ 10 миллион сомонӣ маблағ ихтисос доданд.

Алъон дар ҷойи сохтмон се адад техника бо шумули 10 нафар сохтмончиён фаъолият мебаранд ва интизор меравад бинои мазкурро баъди яку ним сол мавриди истифода қарор диҳанд.

Дар Хоруғ соҳибкори ҷавоне аз Шуғнон аввалин меҳмонхонаи панҷошёна сохт

Маврид ба зикр аст, ки бинои феълии "Амонатбонк" дар шаҳри Хоруғ кӯҳна буда, ба талаботи замон комилан ҷавобгуй нест. Бо сабаби танг будани масоҳати толори хизматрасонӣ ва вуҷуд надоштани ҳавлӣ, мизоҷон маҷбур мешаванд, ки берун аз бино, дар роҳи пиёдагард навбатро интизор шаванд.

Бинои нави Амонатбонк бошад, дар шафати бозори марказӣ  ва терминали мусофирбарӣ қарор мегирад.

Мавзуҳо:
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон (9)
Барчаспҳо:
сохтмон, Амонатбонк, бино, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ