03:15 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

ВУД: ошкор гардидани силсилақаллобиҳо аз ҷониби сокини пойтахт

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
350 0 0

Тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, барои дастгир кардани гумонбари дигари ин ҳодиса чорабиниҳо идома доранд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз силсилақалобиҳо иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли равон, марди 28-солаи сокини пойтахт, бо воситаи нафари ба тафтишот номаълум, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 85000-сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, номбурда ба мақомоти милитсия шикоят бурдааст, ки 4-уми декабри соли 2018, марди дар боло зикргардида, бо воситаи нафари ба тафтишот номаълум, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 130.000-сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Айни замон нафари тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, барои дастгир кардани гумонбари дигари ин ҳодиса чорабиниҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
қаллобӣ, ВУД, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ