Садамаи маргбор: ҳалокати пиёдагар дар зери чархи мошин

© Дафтари матбуотии ВУДҲалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садамаи маргбор, ки дар пай талафотӣ ҷонӣ дошт, дар наздикии тарабхонаи “Барбаросса”-и шаҳри Хуҷанд рух додааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Файзуллоев Солеҳҷон, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошинаш набаромада дар наздикии тарабхонаи “Барбаросса”- и шаҳри Хуҷанд як нафар пиёдагардро пахш намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Девушка на трассе - Sputnik Тоҷикистон
Ахирон шоме, ки Фирӯза аз кор мерафт..: садама боиси марги духтари ҷавон шуд

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур 3- юми июли соли равон тахминан соати 22:10- дақиқа рух додааст.

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Ласети», Файзуллоев Солиҷон Саидҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шахри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти бинои “Автодром” ба самти боғи “Наврӯзгоҳ”, дар назди тарабхонаи “Барбаросса”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Турсунбоев Алишер Абдукаримовичи 37- сола, сокини н.Б.Ғафуровро пахш намудааст,- таъкид намудаст вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Зимнан манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, бо бардоштани ҷароҳатҳои шаддиди ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Вазорати умури дохилаи тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон ҳодискаи мазккур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0