ВУД: ошкор гардидани силсиладуздиҳо ва ҳадафҳои тақаллубкорӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони ВУД як қатор ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобиро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як қатор ҷиноятҳои дуздӣ ва ҳадафҳои тақаллубкорӣ хабар додааст. 

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: ошкор гардидани силсилақаллобиҳо аз ҷониби сокини пойтахт

Мабаъ афзудааст, ки ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми июни соли 2019, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду марди 25 ва 26-солаи сокинони ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон, ҳамчунин шаби 28 ба 29-уми июни соли 2019, тахминан соати 01:30 дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ҳамин ноҳия 1сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: ошкор гардидани шахсияти марди қаллоб ва зани дузд дар Тоҷикистон

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, 9-уми ноябри соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ш.Истаравшан даромада, аз ӯ автомашинаи шахсияш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0