03:01 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
В Рошткалинском районе открыли водопровод

Бунёди Оқохон дар ноҳияи Роштқалъа хати оби нӯшокӣ бунёд кард

© Facebook / Голиб Ниятбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
399 0 0

Дар деҳаи Чандини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оқохон бунёд гардид.

Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.

"Дар деҳаи Чандини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа хати оби нӯшокӣ , ки аз тарафи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оқохон барои 19 хоҷагӣ сохта шудааст дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд",-омадааст дар хабарнома.

Ногуфта намонад, ки имрӯз, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Роштқалъа сафар кард.

Гуфта мешавад, ки мақсади сафар аз наздик ошно шудан бо иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллӣ ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа , Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (MSDSP) ва сектори хусусӣ сохта мешаванд мебошад.

Инчунин зимни сафари корӣ раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон сохтмонҳоеро, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё зарар дидаанд дидан намуданд.

Барчаспҳо:
ВМКБ, об, Роштқалъа

Мавзӯъҳои асосӣ