17:47 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Девушки аплодируют президенту Таджикистана

БАТР ба занҳои Тоҷикистон барои рушди соҳибкориашон кумак хоҳад кард

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

БАТР дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” конфронс баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд (БАТР) ахиран дар Душанбе дар мавзӯи “Васеъ намудани имконият барои занҳои соҳибкор дар Тоҷикистон” конфронс баргузор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Конфронс дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” баргузор шудааст, ки дар Тоҷикистон соли 2017 роҳандози шуда буд”, - иттилоъ додааст намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Чаро президенти БАТР ба Тоҷикистон омад

Тавре манбаъ қайд намудааст, барномаи мазкур ба рушди соҳибкорӣ миёни занон бо роҳи таъмини дастрасӣ ба молия ва технология, ки дар рушди тиҷорат зарур аст, кумак хоҳад кард.

Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

Барномаи мазкур бо дастгирии котиботи давлати Шветсария доир ба масоили иқтисодӣ тариқи Бунёди мусоидат ба тиҷорати хурди БАТР дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

БАТР ба баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон шурӯъ кард

Пеш аз оғози конфронс ярмаркаи фурӯши маҳсулот ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. 

Барчаспҳо:
конфронс, тиҷорат, соҳибкор, занон, БАТР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ