12:44 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Ёдгор Файзов гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ чӣ мехоҳад

© Facebook / Голиб Ниятбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
722930

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар мулоқот бо сокинони деҳаи Чандиндараи ноҳияи Роштқалъа гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ ва дигар раисон чӣ мехоҳад

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо сокинони деҳаи Чандиндара суҳбати озод кард.

Ёдгор Файзов қайд кард, ки деҳаи Чандиндара яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Роштқалъа мебошад ва зиндагӣ намудан дар ин шароити кӯҳистон хеле мушкил аст, вале мардуми ин диёр ба ҳамаи ин мушкилотҳои зиндагӣ нигоҳ накарда дар ободонии диёри худ, деҳаи худ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

"Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт таъкид менамоянд, ки мо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, вилоят бояд бо мардум наздик бошем, аз аҳволи ҳар як сокини вилоят аз шароити зиндагӣ мардум огоҳ бошем ба ин хотир имрӯз ман ба ҳайси раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар пеши Шумо ҳастам",-қайд кард раиси вилоят.

Дар идомаи суҳбат Файзов гуфт, ки барои пеш бурдани шароити зиндагӣ, беҳтар намудани сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ омода аст пешниҳодҳои мардумро шунида бо даст додани имконот ин мушкилотро ҳал кунад.

Сокинони деҳаи Чандиндара гуфтанд, "бори аввал аст, ки раиси вилоят ба назди мо омадааст, ин барои мо барои пеш бурдани ободониву созандагӣ барои мо илҳоми тоза мебахшад. 

Сокинони деҳа барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар ҷамоат масъалаҳои зерро пешкаши роҳбарияти вилоят кардаанд.

Ёдгор Файзов дар Роштқалъа
Ёдгор Файзов дар Роштқалъа
  • набудани алоқаи мобилӣ дар ин деҳа
  • дур будани муассисаи таълимӣ аз деҳа
  • андозбанди вобаста ба шароити зиндагии мардум
  • надоштани толори варзишӣ
  • таъмири роҳ
    Раиси ВМКБ гуфт, ки ҳамаи пешниҳодҳои мардум қобили қабул ҳастанд ва ҳукумат кушиш мекунад , ки ҳар чӣ зудтар ин мушкилотҳои сокинонро бартараф намояд.
Барчаспҳо:
сокинон, мулоқот, дидор, Роштқалъа

Мавзӯъҳои асосӣ