Чилаи тобистону ҳушдори обуҳавошиносон: моҳи июл дар Тоҷикистон то 43 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина разливает воду на тротуар
Мужчина разливает воду на тротуар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Oарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ пеш меорад. Аз ин рӯ аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво аз соати 11:00 то 17:00 бе зарурат дар берун сайругашт накунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Тибқи пешбиниҳои мутахассисони Маркази обуҳавосанҷии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво гарму тафсон боқӣ мемонад, менависад "Ховар".

Бино ба иттилои коршиносон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво давоми моҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи марказ ба  35-40 дараҷа мерасад. Дар ҷануби вилояти Хатлон 42-43 дараҷа гармӣ дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ рӯзона аз 28 то 33 ва дар баъзе минтақаҳо то 35 дараҷа мерасад.

На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад

Дар ин моҳ боришоти зиёд пешгӯӣ намешавад. Танҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ аз меъёри муқаррарӣ каме бештар борон меборад меборад,- мегӯяд Фаридун Аҳмадзода.

Ба зикри сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тибқи пешбиниҳои дарозмуддат моҳи июли имсола на он қадар гарм шуда, мувофиқ ба моҳи июли  соли 2004 мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст

Давоми моҳи июл ҳангоми ноустувор шудани ҳаво шамол шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шиддати шамол  дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 17-22 метр дар як сония мевазад.

Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки  ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад.

Аз ин сабаб ҳангоми  баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони  мамлакат тавсия дода мешавад, ки  дуру дароз зери шуоъҳои баланди  офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонанд ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки  ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ  мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз  аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки  ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво аз соати 11:00 то 17:00 бе зарурат  дар берун сайругашт накунанд. 

 

Лентаи хабарҳо
0