02:58 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Новорожденный, архивное фото

Табиби умедбахш ба садҳо зану шавҳар: даргузашти ягона марди гинеколог дар Тоҷикистон

© AP / Fernando Antonio
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
371 0 0

Табиби амрози занона, акушер-гинеколог Яков Балабушко дар шаҳри Бӯстон кор ва зиндагӣ мекард. Ӯ садҳо занро аз амрози безурриётӣ табобат ва ба садҳо зану шавҳар умед мебахшид

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон акушер-гинекологи номӣ Яков Балабушко дар синни 67-солагӣ даргузашт.

Балабушко аз бемории саратон азият мекашид ва дар Русия табобат гирифта буд.

"Ҳамдардии моро қабул кунед. Ин талафоти бузурге барои ҳамагон аст. Яков Констатиновичро Худо раҳмат кунад. Инсони хубу пизишки олие буданд. Аз хабари даргузашти Яков сахт андӯҳгинем", - менависанд дар Фейсбук шиносону наздикони пизишк.

"Ӯ қариб ки ягона пизишки амрози занона дар Тоҷикистон буд. Ба одамон хушбахтии модар ва падар шуданро ҳадя мекард. Афзун бар ин забони тоҷикиро хуб медонист ва ба ин забон тарона мехонд", - ба ёд меорад корбари дигари Фейсбук аз Яков.

Яков Балабушко соли 1953 ноҳияи Шаҳристон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ дар шаҳри Чикаловск (Бӯстон) кор ва зиндагӣ мекард. То ҷанги шаҳрвандӣ мудири шӯъбаи таваллудхонаи Бемористони марказии Душанбе буд ва якҷо сардухтури амрози занонаи шаҳри Чикаловск ба ҳисоб мерафт.

Яков байни сокинон бо табобати безурриётӣ машҳур шуда буд.

Тоҷикон бештар ӯро барои эҳтиромаш аз фарҳанги тоҷикӣ дӯст медоштанд. Балабушко бо дутор суруд низ мехонд.

"Тоҷикистон ватани ман аст. Ман ҳис мекунам, ки ба ин кишвар даркорам. Новобаста аз баъзе мушкилиҳо ман худро дар ватанам аз ҳама хушбахт ҳисоб мекунам", - мегуфт пизишки номӣ.

Мавзӯъҳои асосӣ