Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯии дақиқро барои рӯзи 8 июл пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 37+39 дараҷа мерасад. 

Бино ба гузориши Маркази ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад.

Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тӯфони хок дар Тоҷикистон: пешбинии ҳавошиносон

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе  ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои   камабр ва тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои  бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 37+39  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0