03:12 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Человек закрылся подушкой, архивное фото

Зану мардро бар ивази 1600 сомонӣ шинос мекард: боздошти зани 21 сола барои даллагӣ

© CC0 / Wokandapix
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2853 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон зани 21-солае дастгир шудааст, ки дар даллагӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зани 21-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахтро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, 8 июли соли равон, марди 29-сола ва зани 28-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 1600-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тавре ВУД қайд намудааст, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 44-сола бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона хабар дод.

Шинос мекарду пул мегирифт: дар Суғд зани 43-солаеро ба иттиҳоми даллагӣ боздошт карданд

Тибқи иттилои ВУД, дастгиршуда сокини шаҳри Бохтар буда, хонаи иҷорагирифтааш дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил додааст.

“Муттаҳам рӯзи 2-юми майи соли 2019, тахминан соати 14:00, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба 3 ҷуфти марду зан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 550 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зани ҷавоне дар Душанбе ба даллагӣ муттаҳам мешавад

ВУД таъкид карда буд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, зан, дастгиршавӣ, ВУД, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ