19:38 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Задержание, архивное фото

ВУД: марди 41-сола бо роҳи фиреб аз зани 49-сола 7 ҳазор доллар гирифту барнагардонд

© Фото : ЦОС ФСБ РФ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Кормандони милитсия марди 41-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии як сокини пойтахт иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 41-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, соли 2012 ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 7.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, 9-уми ноябри соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ш.Истаравшан даромада, аз ӯ автомашинаи шахсияш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин қазия, низ мавриди тафтиш қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ